next page

Сураи Аъроф

Ин дар сура дар Макка нозил шуда ва дорои 206 оят аст.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Алиф, Лом, Мим, Сод.

2  Ин китобе аст, ки бар ту нозил шуда – пас набояд аз ноҳияи он, нороҳатӣ дар сина дошта бошӣ - то ба василаи он, (мардумро аз оқибатҳои эътиқодоти бадашон ва амалҳои нодурусташон) бим диҳӣ. Ва тазаккуре аст, барои мўъминон.

3  Аз чизе, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед. Ва аз авлиё ва маъбудҳои дигар, ҷуз Ў пайравӣ накунед. Аммо камтар мутазаккир мешавед.

4  Чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳо, ки онҳоро (бар асари гуноҳи фаровонашон), ҳалок кардем ва азоби мо шабҳангом ё дар рўз, ҳангоме, ки истироҳат карда буданд, ба суроғашон омад.

5  Ва дар он ҳангом, ки азоби мо ба суроғи онҳо омад, сухане надоштанд, ҷуз ин ки гуфтанд: «Мо золим будем». (Вале ин эътироф ба гуноҳ, дигар дер шуда буд ва суде ба ҳолашон надошт).

6  Ба яқин, (ҳам) аз касоне, ки пайғамбарон ба сўи онҳо фиристода шуданд, савол хоҳем кард ва (ҳам) аз пайғамбарон савол мекунем.

7  Ва ҳатман (аъмолашонро) бо илм (-и худ) барои онон шарҳ хоҳем дод. Ва мо ҳаргиз ғоиб набудем, (балки ҳама ҷо ҳозиру нозири аъмоли бандагон ҳастем).

8  Вазн кардан (-и аъмол ва санҷиши арзиши онҳо) дар он рўз, ҳақ аст. Касоне, ки мизонҳои (амали) онҳо сангин аст, ҳамон растагоронанд.

9  Ва касоне, ки мизонҳои (амали) онҳо сабук аст, ашхосе ҳастанд, ки сармояи вуҷуди худро, ба хотири зулму ситаме, ки нисбат ба оятҳои мо мекарданд, аз даст додаанд.

10  Мо тасаллут ва моликият ва ҳукумат бар заминро барои шумо қарор додем ва анвои василаҳои зиндагиро барои шумо фароҳам сохтем, аммо камтар шукргузорӣ мекунед.

11  Мо шуморо офаридем, сипас суратбандӣ кардем, баъд ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам хузўъ кунед». Онҳо ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд.

12  (Худованд ба ў) фармуд: «Дар он ҳангом, ки ба ту фармон додам, чӣ чиз туро монеъ шуд, ки саҷда кунӣ?!», гуфт: «Ман аз ў беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ўро аз гил!».

13  Гуфт: «Аз он (мақому мартабаат) фуруд ой. Ту ҳақ надорӣ дар он (мақому мартаба) такаббур кунӣ. Берун рав, ки ту аз ашхоси пасту кўчакӣ.

14  Гуфт: «Маро то рўзе, ки (мардум) барангехта мешаванд, мўҳлат деҳ (ва зинда бугузор)».

15  Фармуд: «Ту аз мўҳлатдодашудагонӣ».

16  Гуфт: «Акнун, ки маро гумроҳ сохтӣ, ман бар сари роҳи мустақими ту, дар баробари онҳо камин мекунам.

17  Сипас аз пеши рў ва аз мушти сар ва аз тарафи рост ва аз тарафи чапи онҳо, ба суроғашон меравам ва бештари онҳоро шукргузор нахоҳӣ ёфт».

18  Фармуд: «Аз он (мақом) бо нангу ору хорӣ берун рав! Ва савганд ёд мекунам, ки ҳар кас аз онҳо аз ту пайравӣ кунад, ҷаҳаннамро аз шумо ҳамагӣ пур кунам.

19  Ва эй Одам! Ту ва ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз ҳар ҷо, ки хостед бихўред, аммо ба ин дарахт наздик нашавед, ки аз ситамкорон хоҳед буд».

20  Сипас шайтон он дуро васваса кард, то он чиро аз андомашон пинҳон буд, ошкор созад ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт наҳй накардааст, магар ба хотири ин ки (агар аз он бихўред), фаришта хоҳед шуд ё ҷовидона (дар биҳишт) хоҳед монд».

21  Ва барои онҳо савганд ёд кард, ки ман барои шумо аз хайрхоҳонам.

22  Ва ба ин тартиб, онҳоро бо фиреб (аз мақомашон) фуруд овард. Ва ҳангоме, ки аз он дарахт чашиданд, андомашон (авраташон) бар онҳо ошкор шуд ва шурўъ карданд ба қарор додани баргҳои (дарахтони) биҳиштӣ бар худ, то онро бипўшонанд. Ва Парвардигорашон онҳоро нидо дод, ки: «Оё шуморо аз он дарахт наҳй накардам ва нагуфтам, ки шайтон барои шумо душмани ошкоре аст?!».

23  Гуфтанд: «Парвардигоро! Мо ба худ ситам кадем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд».

24  Фармуд: «(Аз мақоми худ) фуруд оед, дар ҳоле, ки баъзе аз шумо нисбат ба баъзе дигар, душман хоҳед буд. (Шайтон душмани шумост ва шумо душмани ў). Ва барои шумо дар замин қароргоҳ ва василаи баҳрагирӣ то замони муайяне хоҳаб буд».

25  Фармуд: «Дар он (замин) зинда мешавед ва дар он мемиред ва (дар растохез) аз он хориҷ хоҳед шуд».

26  Эй фарзандони Одам! Либосе барои шумо фиристодем, ки андоми шуморо мепўшонад ва сабаби зинати шумост, аммо либоси парҳезгорӣ беҳтар аст. Инҳо (ҳама) аз оятҳои Худост, то мутазаккир (-и неъматҳои Ў) шаванд.

27  Эй фарзандони Одам! Шайтон шуморо нафиребад, он гуна, ки падару модари шуморо аз биҳишт берун кард ва либосашонро аз танашон берун сохт, то авратоашонро ба онҳо нишон диҳад. Зеро, ки ў ва ҳамкоронаш шуморо мебинанд, аз ҷое, ки шумо онҳоро намебинед, (аммо бидонед) мо шаётинро авлиёи касоне қарор додем, ки имон намеоваранд.

28  Ва ҳангоме, ки кори нописанде анҷом медиҳанд, мегўянд: «Падарони худро бар ин амал ёфтем ва Худованд моро ба он дастур додааст». Бигў: «Худованд (ҳаргиз) ба кори нописанд фармон намедиҳад. Оё чизе ба Худо нисбат медиҳед, ки намедонед?!».

29  Бигў: «Парвардигорам амр ба адолат кардааст. Ва диққати худро дар ҳар масҷид (ва дар ҳангоми ибодат) ба сўи Ў кунед ва Ўро бихонед, дар ҳоле, ки дин (-и худ)-ро барои Ў холис гардонед. (Ва бидонед), ҳамон гуна, ки дар оғоз шуморо офарид, (бори дигар дар растохез) боз мегардед.

30  Ҷамъеро ҳидоят карда ва ҷамъе, (ки шоистагӣ надоштаанд), гумроҳӣ бар онҳо ҳатмӣ шудааст. Онҳо (касоне ҳастанд, ки) шаётинро ба ҷои Худованд, авлиёи худ интихоб карданд ва гумон мекунанд ҳидоят ёфтаанд.

31  Эй фарзандони Одам! Зинати худро дар ҳангоми рафтан ба масҷид, бо худ бардоред ва (аз неъматҳои илоҳӣ) бихўред ва биёшомед, вале исроф накунед, ки Худованд мусрифонро дўст намедорад.

32  Бигў: «Чӣ касе зинатҳои илоҳиро, ки барои бандагони худ офарида ва рўзиҳои покизаро ҳаром кардааст?!». Бигў: «Инҳо дар зиндагии дунё барои касоне аст, ки имон овардаанд, (агар чӣ дигарон низ бо онҳо мушорикат доранд, вале) дар қиёмат холис (барои мўъминон) хоҳад буд». Ин гуна оятҳо (-и худ)-ро барои касоне ки огоҳанд, шарҳ медиҳем.

33  Бигў: «Худованд танҳо аъмоли нописандро, чӣ ошкор бошад чӣ пинҳон, ҳаром кардааст. Ва (ҳамчунин) гуноҳу ситами ба ноҳақро ва ин ки чизеро, ки Худованд далеле барои он нозил накардааст, шарики Ў қарор диҳед ва ба Худо матлабе нисбат диҳед, ки намедонед».

34  Барои ҳар қавму ҷамъияте, замон ва саромад (-и муайяне) аст. Ва ҳангоме, ки саромади онҳо фаро расад, на лаҳзае аз он таъхир мекунанд ва на бар он пешӣ мегиранд.

35  Эй фарзандони Одам! Агар расулоне аз худи шумо ба суроғатон биёянд, ки оятҳои моро барои шумо бозгў кунанд, (аз онҳо пайравӣ кунед). Касоне, ки парҳезгорӣ пеша кунанд ва амали солеҳ анҷом диҳанд (ва дар ислоҳи худ ва дигарон бикўшанд), на тарсе бар онҳост ва на ғамнок мешаванд.

36  Ва онҳо, ки оятҳои моро инкор кунанд ва дар баробари он такаббур варзанд, аҳли дўзаханд, ҷовидона дар он хоҳанд монд.

37  Чӣ касе ситамкортар аст аз онҳо, ки бар Худо дурўғ мебанданд, ё оятҳои Ўро инкор мекунанд?! Онҳо насибашонро аз он чӣ муқаддар шуда, (аз неъматҳо ва мавоҳиби ин ҷаҳон), мебаранд, то замоне, ки фиристодагони мо (фариштагони қабзи арвоҳ) ба суроғашон раванд, ки ҷонашонро бигиранд, аз онҳо мепурсанд: «Куҷоянд маъбудҳое, ки ғайр аз Худо мехондед?! (Чаро ба ёрии шумо намеоянд?!)». Мегўянд: «Онҳо (ҳама) гум шуданд (ва аз мо дур гаштанд)». Ва бар зидди худ гувоҳӣ медиҳанд, ки кофир буданд.

38  (Худованд ба онҳо) мегўяд: «Дар сафи гурўҳҳои мушобеҳи худ аз ҷинну инс, дар оташ дохил шавед!». Ҳар замон, ки гурўҳе дохил мешаванд, гурўҳи дигарро лаънат мекунанд, то ҳамагӣ бо зиллат дар он қарор гиранд. (Дар ин ҳангом) гурўҳи пайравон дар бораи пешвоёни худ мегўянд: «Худовандо! Инҳо буданд, ки моро гумроҳ сохтанд, пас кайфари онҳоро аз оташ ду баробар кун. (Кайфаре барои гумроҳияшон ва кайфаре ба хотири гумроҳ сохтани мо)». Мефармояд: «Барои ҳар кадом (аз шумо) азоби дучандон аст, вале намедонед. (Чаро, ки пайравон агар гирди пешвоёни гумроҳро нагирифта буданд, қудрате бар иғвои мардум надоштанд)».

39  Ва пешвоёни онҳо ба пайравони худ мегўянд: «Шумо имтиёзе бар мо надоштед, пас бичашед азоб (-и илоҳӣ)-ро дар баробари он чӣ анҷом медодед!».

40  Касоне, ки оятҳои моро инкор карданд ва дар баробари он такаббур варзиданд, (ҳаргиз) дарҳои осмон ба рўяшон кушода намешавад ва (ҳеҷ гоҳ) дохили биҳишт нахоҳанд шуд, магар ин ки шутур аз сўрохи сўзан бигузарад! Ин гуна гунаҳкоронро ҷазо медиҳем.

41  Барои онҳо бистаре аз (оташи) дўзах ва рўи онҳо пўшишҳое (аз он) аст. Ва ин чунин золимонро ҷазо медиҳем.

42  Ва касоне, ки имон оварда ва аъмоли солҳе анҷом додаанд – албатта ҳеҷ касро ҷуз ба миқдори тавоноияш, таклиф намекунем – онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

43  Ва он чӣ дар дилҳо аз кинаву ҳасад доранд, бар меканем, (то дар сафову самимият бо ҳам зиндагӣ кунанд). Ва аз зери (қасрҳо ва дарахтони) онҳо наҳрҳо ҷараён дорад, мегўянд: «Ситоиш махсуси Худованде аст, ки моро ба ин (ҳама неъматҳо) раҳнамун шуд. Ва агар Худо моро ҳидоят накарда буд, мо (ба инҳо) роҳ намеёфтем. Ҳатман фиристодагони Парвардигори мо ҳақро оварданд». Ва (дар ин ҳангом) ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳиштро дар баробари аъмоле, ки анҷом медодед, ба ирс бурдед».

44  Ва биҳиштиён дўзахиёнро садо мезананд, ки: «Он чиро Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, ҳамаро ҳақ ёфтем, оё шумо ҳам он чиро Парвардигоратон ба шумо ваъда дода буд ҳақ ёфтед?!». Дар ин ҳангом, нидодиҳандае дар миёни онҳо нидо медиҳад, ки: «Лаънати Худо бар ситамгарон бод!

45  Ҳамонҳо, ки (мардумро) аз роҳи Худо бозмедоранд ва (бо илқои шубаҳот) мехоҳанд, онро каҷу килеб нишон диҳанд. Ва онҳо ба охират кофиранд».

46  Ва дар миёни он ду, (биҳиштиён ва дўзахиён) ҳиҷобе аст. Ва бар «аъроф» мардоне ҳастанд, ки ҳар як аз он дуро аз чеҳраҳояшон мешиносанд. Ва ба биҳиштиён садо мезананд, ки: «Дуруд бар шумо бод!», аммо дохили биҳишт намешаванд, дар ҳоле, ки умеди онро доранд.

47  Ва ҳангоме, ки чашмашон ба дўзахиён меафтад, мегўянд: «Парвардигоро! Моро бо гурўҳи ситамгарон қарор мадеҳ».

48  Ва асҳоби аъроф, мардоне (аз дўзахиёнро), ки аз симояшон онҳоро мешиносанд, садо мезананд ва мегўянд: «(Дидед, ки) гирдоварии шумо (аз молу сарвату зану фарзанд) ва такаббурҳои шумо, ба ҳолатон суде надорад!».

49  Оё инҳо (ин дармондагони бар аъроф) ҳамонҳо нестанд, ки савганд ёд кардед, раҳмати Худо ҳаргиз шомили холашон нахоҳад шуд?! (Вале Худованд ба хотири имон ва баъзе аъмоли хайрашон, онҳоро бахшид, ҳамакнун ба онҳо гуфта мешавад:) Дохили биҳишт шавед, ки на тарсе доред ва на ғамнок мешавед.

50  Ва дўзахиён биҳиштиёнро садо мезананд, ки: «(Муҳаббат кунед ва) миқдоре об ё аз он чӣ Худо ба шумо рўзӣ додааст. ба мо бубахшед». Онҳо (дар ҷавоб) мегўянд: «Худованд инҳоро бар кофирон ҳаром кардааст».

51  Ҳамонҳо, ки дину оини худро саргармиву бозича гирифтанд ва зиндагии дунё ононро мағрур сохт, имрўз мо онҳоро фаромўш мекунем, ҳамон гуна, ки лиқои чунин рўзеро фаромўш карданд ва оятҳои моро инкор намуданд.

52  Мо китобе барои онҳо овардем, ки (асрору рамзҳои) онро бо огоҳӣ шарҳ додем, (китобе), ки сабаби ҳидояту раҳмат барои ҷамъияте аст, ки имон меоваранд.

53  Оё онҳо ҷуз интизори таъвили оятҳо (ва фаро расидани таҳдидҳои илоҳӣ), доранд?! Он рўз, ки таъвили онҳо фаро расад, (кор аз кор гузашта ва пушаймонӣ суде надорад ва) касоне, ки қаблан онро фаромўш карда буданд, мегўянд: «Фиристодагони Парвардигори мо ҳақро оварданд, оё (имрўз) шафеоне барои мо вуҷуд доранд, ки барои мо шафоат кунанд ё (ба мо иҷозат дода шавад ба дунё) бозгардем ва аъмоле ғайр аз он чӣ анҷом медодем, анҷом диҳем?!». (Вале) онҳо сармояи вуҷуди худро аз даст додаанд ва маъбудҳоеро, ки ба дурўғ сохта буданд, ҳамагӣ аз назарашон гум мешаванд. (На роҳи бозгашт доранд ва на шафоаткунандагоне).

54  Парвардигори шумо, Худованде аст, ки осмонҳо ва заминро да шаш рўз (шаш даврон) офарид, сипас ба тадбири ҷаҳони ҳастӣ пардохт, бо (пардаи торики) шаб рўзро мепўшонад ва шаб дар пайи рўз бо шитоб дар ҳаракат аст. Ва худршеду моҳу ситорагонро офарид, ки мусаххари фармони Ў ҳастанд. Огоҳ бошед, ки офаринишу тадбир (-и ҷаҳон) аз они Ў (ва ба фармони Ў) аст. Пурбаракат (ва заволнопазир) аст, Худованде, ки парвардигори ҷаҳониён аст.

55  Парвардигори худро (ошкоро) аз рўи тазаррўъ ва дар пинҳонӣ бихонед. (Ва аз таҷовуз даст бардоред, ки) Ў мутаҷовизонро дўст намедорад.

56  Ва дар замин пас аз ислоҳи он фасод накунед ва Ўро бо хавфу раҷо бихонед. (Хавф аз масъулиятҳо ва умед ба раҳматаш. Ва некӣ кунед), зеро раҳмати Худо ба некўкорон наздик аст.

57  Ў касе аст, ки бодҳоро башоратдиҳанда дар пешопеши (борони) раҳматаш мефиристад, то абрҳои вазнинборро (бар дўш) кашанд, (сипас) мо онҳоро ба сўи заминҳои мурда мефиристем ва ба василаи онҳо оби (ҳаётабахш)-ро нозил мекунем ва бо он аз ҳар гуна мевае (аз хоки тира) берун меоварем, ин гуна, (ки заминҳои мурдаро зинда кардем), мурдагонро (низ дар қиёмат) зинда мекунем, шояд (бо таваҷҷўҳ ба ин мисол) мутазаккир шавед.

58  Сарзамини покиза (ва ширин), гиёҳонаш ба фармони Парвардигор мерўяд, аммо сарзаминҳои бадтинат (ва шўразор), ҷуз гиёҳи ночизу беарзиш аз он намерўяд. Ин гуна оятҳо (-и худ)-ро барои онҳо, ки шукргузоранд, баён мекунем.

59  Мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем, ў ба онон гуфт: «Эй қавми ман! (Танҳо) Худованди Ягонаро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. (Ва агар ғайри Ўро ибодат кунед), ман бар шумо аз азоби рўзи бузург метарсам!».

60  (Вале) бузургони қавмаш ба ў гуфтанд: «Мо туро дар гумроҳии ошкор мебинем».

61  Гуфт: «Эй қавми ман! Ҳеҷ гуна гумроҳӣ дар ман нест, вале ман фиристодае аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониёнам.

62  Рисолатҳои Парвардигорамро ба шумо иблоғ мекунам ва хайрхоҳи шумо ҳастам ва аз Худованд чизҳоеро медонам, ки шумо намедонед.

63  Оё ҳайрат кардаед, ки дастури огоҳкунандаи Парвардигоратон ба василаи марде аз миёни шумо ба шумо бирасад, то (аз оқибатҳои аъмоли хилоф) биматон диҳад ва (дар партави ин дастур), парҳезгорӣ кунед ва шояд машмули раҳмат (-и илоҳӣ) гардед?!».

64  Аммо саранҷом ўро инкор карданд ва мо ў ва касонеро, ки бо вай дар киштӣ буданд, раҳоӣ бахшидем ва касоне, ки оятҳои моро инкор карданд, ғарқ кардем, зеро, ки онҳо гурўҳи нобино (ва кўрдиле) буданд.

65  Ва ба сўи қавми Од, бародарашон «Ҳуд»-ро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! (Танҳо) Худоро парастиш кунед, ки ҷуз Ў маъбуде барои шумо нест. Оё парҳезгорӣ пеша намекунед?!».

66  Ашрофи кофири қавми ў гуфтанд: «Мо туро дар сафоҳат (ва нодонӣ ва сабукмағзӣ) мебинем ва мо ҳатман туро аз дурўғгўён медонем».

67  Гуфт: «Эй қавми ман! Ҳеҷ гуна сафоҳате дар ман нест, вале фиистодае аз тарафи Парвардигори ҷаҳониёнам.

68  Рисолатҳои Парвардигорамро ба шумо иблоғ мекунам ва ман хайрхоҳи амине барои шумо ҳастам.

69  Оё ҳайрат кардаед, ки дастури огоҳкунандаи Парвардигоратон ба василаи марде аз миёни шумо, ба шумо бирасад, то (аз муҷозоти илоҳӣ) биматон диҳад?! Ва ба ёд оваред ҳангоме, ки шуморо ҷонишинони қавми Нўҳ қарор дод ва шуморо аз ҷиҳати хилқат (-и ҷисмонӣ), густариш (ва қудрат) дод, пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред , шояд растагор шавед».

70  Гуфтанд: «Оё ба суроҳи мо омадаӣ, ки танҳо Худои Ягонаро бипарастем ва он чиро падарони мо мепарастиданд, раҳо кунед?! Пас агар рост мегўӣ он чиро (аз боло ва азоби илоҳӣ) ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!».

71  Гуфт: «Палидӣ ва ғазаби Парвардигоратон шуморо фаро гирифтааст. Оё бо ман дар мавриди номҳое муҷодила мекунед, ки шумо ва падаронатон (ба унвони маъбуд ва Худо бар бутҳо) гузоридаед, дар ҳоле, ки Худованд ҳеҷ далеле дар бораи он нозил накардааст?! Пас шумо мунтазир бошед, ман ҳам бо шумо интизор мекашам! (Шумо интизори шикасти ман ва ман интизори азоби илоҳӣ барои шумо!)».

72  Саранҷом ў ва касонеро, ки бо ў буданд, ба раҳмати худ наҷот бахшидем ва решаи касоне, ки оятҳои моро инкор карданд ва имон наоварданд қатъ кардем.

73  Ва ба сўи (қавми) Самуд, бародарошон Солеҳро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! (Танҳо) Худоро бипарастед, ки ҷуз Ў маъбуде барои шумо нест. Далели равшане аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омадааст: Ин «ноқа» (шутури мода)-и илоҳӣ барои шумо мўъҷиза аст, ўро ба ҳоли худ раҳо кунед, ки дар замини Худо (аз алафҳои биёбон) бихўрад  ва онро озор нарасонед, ки азоби дардноке шуморо хоҳад гирифт!

74  Ва ба хотир биёваред, ки шуморо ҷонишинони қавми «Од» қарор дод ва дар замин мустақар сохт, ки дар даштҳояш қасрҳо барои худ бино мекунед. Ва дар кўҳҳо барои худ хонаҳо метарошед. Бинобар ин, неъматҳои Худоро мутазаккир шавед ва дар замин ба фасод накўшед».

75  (Вале) ашрофи мутакаббири қавми ў, ба мустазъафоне, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё (ба ростӣ) шумо яқин доред, ки Солеҳ аз тарафи Парвардигораш фиристода шудааст?!». Онҳо гуфтанд: «Мо ба он чӣ ў ба он маъмурият ёфтааст, имон овардаем».

76  Мутакаббирон гуфтанд: «(Вале) мо ба он чӣ шумо ба он имон овардаед, кофирем».

77  Сипас «ноқа»-ро пай карданд ва аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ намуданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ! Агар ту аз фиристодагон (-и Худо) ҳастӣ, он чӣ моро бо он таҳдид мекунӣ, биёвар!».

78  Саранҷом заминларза онҳоро фаро гирифт ва субҳгоҳон (танҳо) ҷисми беҷонашон дар хонаҳояшон боқӣ монда буд.

79  (Солеҳ) аз онҳо рўй гардонд ва гуфт: «Эй қавм! Ман рисолати Парвардигорамро ба шумо иблоғ кардам ва шарти хайрхоҳиро анҷом додам, вале (чӣ кунам, ки) шумо хайрхоҳонро дўст надоред».

80  Ва (ба хотир оваред) Лутро, ҳангоме, ки ба қавми худ гуфт: «Оё амали бисёр бадеро анҷом медиҳед, ки ҳеҷ як аз ҷаҳониён пеш аз шумо анҷом надодааст?!

81  Оё шумо аз рўи шаҳват ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед?! Шумо гурўҳи исрофкор (ва мунҳарифе) ҳастед.

82  Вале ҷавоби қавмаш чизе ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Инҳоро аз шаҳру диёри худ берун кунед, ки инҳо мардуме ҳастанд, ки покдоманиро металабанд (ва бо мо ҳамсадо нестанд)».

83  (Чун кор ба ин ҷо расид), мо ў ва хонадонашро раҳоӣ бахшидем, ҷуз ҳамсараш, ки аз бозмондагон (дар шаҳр) буд.

84  Ва (сипас чунон) бороне (аз санг) бар онҳо фиристодем, (ки онҳоро дарҳам кўбид ва нобуд сохт). Пас бинигар саранҷоми кори муҷримон чӣ шуд!

85  Ва ба сўи Мадян, бародарашон Шуайбро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! Худоро бипарастед, ки ҷуз Ў маъбуде надоред. Далели равшане аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омадааст, бинобар ин ҳаққи паймона ва вазнро адо кунед. Ва аз амволи мардум чизе накоҳед ва дар рўи замин баъд аз он ки (дар партави имон ва даъвати анбиё), ислоҳ шудааст, фасод накунед. Ин барои шумо беҳтар аст, агар бо имон ҳастед.

86  Ва бар сари ҳар роҳ нанишинед, ки (мардуми бо имонро) таҳдид кунед ва мўъминонро аз роҳи Худо боздоред ва бо (илқои шубаҳот) онро каҷу килеб нишон диҳед. Ва ба хотир биёваред замонеро, ки андак будед ва Ў шуморо фузунӣ дод. Ва бинигаред саранҷоми муфсидон чӣ гуна буд!

87  Ва агар гурўҳе аз шумо ба он чӣ ман ба он фиристода шудаам, имон овардаанд ва гурўҳе имон наёвардаанд, сабр кунед, то Худованд миёни мо доварӣ кунад, ки Ў беҳтарини дорварон аст».

88  Ашрофи зўрманд ва мутакаббир аз қавми ў гуфтанд: «Эй Шуайб! Ба яқин ту ва касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз шаҳру диёри худ берун хоҳем кард, магар ин ки  ба оини мо боз гардед». Гуфт: «Оё (мехоҳед моро бозгардонед), агар чӣ моил набошем?!

89  Агар мо ба оини шумо боз гардем, баъд аз он ки Худо моро аз он наҷот бахшидааст, ба Худо дурўғ бастаем. Ва шоиста нест, ки мо ба он боз гардем, магар ин ки Худое, ки Парвардигори мост, бихоҳад. Илми Парвардигори мо ба ҳамаи чиз иҳота дорад. Танҳо бар Худо таваккул кардаем. Парвардигоро! Миёни мо ва қавми мо ба ҳақ доварӣ кун, ки ту беҳтарини доваронӣ».

90  Ашрофи зўрманд аз қавми ў, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Агар аз Шуайб пайравӣ кунед, шумо ҳам зиёнкор хоҳед шуд».

91  Сипас заминларза онҳоро фаро гирфт ва субҳгоҳон ба сурати ҷасадҳои беҷоне дар хонаҳояшон монда буданд.

92  Онҳо, ки Шуайбро инкор карданд, (он чунон нобуд шуданд, ки) гўё ҳаргиз дар он (хонаҳо) сукунат надоштанд! Онҳо, ки Шуайбро инкор карданд, зиёнкор буданд.

93  Сипас аз онон рўй гардонд ва гуфт: «Эй қавми ман! Ман рисолоатҳои Парвардигорамро ба шумо иблоғ кардам ва барои шумо хайрхоҳӣ намудам, бо ин ҳол чӣ гуна бар ҳоли қавми беимон афсўс бихўрам?!».

94  Ва мо дар ҳеҷ шаҳру ободӣ, пайғамбаре нафиристодем, магар ин ки аҳли онро ба нороҳатиҳо ва хасоратҳо гирифтор сохтем, шояд (ба худ оянд ва ба сўи Худо) бозгарданд ва тазаррўъ кунанд.

95  Сипас (ҳангоме, ки ин ҳушдорҳо дар онон асар нагузошт), некӣ (ва фаровонии неъмат ва рафоҳ)-ро ба ҷои бадӣ (ва нороҳатӣ ва гирифторӣ) қарор додем, он чунон, ки фузунӣ гирифтанд (ва ҳама гуна неъмат ва баракт ёфтанд ва мағрур шуданд) ва гуфтанд: «(Танҳо мо набудем, ки гирифтори ин мушкилот шудем), ба падарони мо низ тангдастӣ ва тавонгарӣ расид». Чун чунин шуд, онҳоро ногаҳон (ба сабаби аъмолашон) гирифтем (ва муҷозот кардем), дар ҳоле, ки намефаҳмиданд.

96  Ва агар аҳли шаҳрҳо ва ободиҳо, имон меоварданд ва тақво пеша мекарданд, баракоти осмону заминро бар онҳо мекушодем, вале (онҳо ҳақро) инкор карданд, мо ҳам ононро ба кайфари аъмолашон муҷозот кардем.

97  Оё аҳли ин ободиҳо аз ин дар амонанд, ки азоби мо шабона ба суроғи онҳо биёяд, дар ҳоле, ки дар хоб бошанд?!

98  Оё аҳли ин ободиҳо, аз ин дар амонанд, ки азоби мо ҳангоми рўз ба суроғашон биёяд, дар ҳоле, ки саргарми бозӣ ҳастанд?!

99  Оё онҳо худро аз макри илоҳӣ дар амон медонанд?! Дар ҳоле, ки ҷуз зиёнкорон, худро аз макр (ва муҷозоти) Худо дар амон намедонанд.

100       Оё касоне, ки вориси рўи замин баъд аз соҳибони он мешаванд, ибрат намегиранд, ки агар бихоҳем, онҳоро низ ба гуноҳонашон ҳалок мекунем ва бар дилҳояшон мўҳр мениҳем, то (садои ҳақро) нашунаванд?!

101       Инҳо, шаҳрҳо ва ободиҳое аст, ки қисмате аз ахбори онро барои ту шарҳ медиҳем. Пайҳамбаронашон делелҳои равшан барои онон оварданд, (ваел онҳо чунон саркаш буданд, ки) ба он чӣ пеш аз он инкор карда буданд, имон намеоварданд. Ин гуна Худованд бар дилҳои кофирон мўҳр мениҳад (ва бар асари саркашӣ ва идомаи гуноҳ, ҳисси ташхисашонро салб мекунад).

102       Ва бештари онҳоро бар сари паймони худ наёфтем, (балки) аксари онҳоро фосиқу гунаҳкор ёфтем.

103       Сипас дар пайи онҳо (пайғамбарони пешин), Мўсоро бо нишонаҳои худ ба сўи Фиръавн ва атрофиёни ў фиристодем, аммо онҳо (бо напазируфтан), ба он (нишонаҳо) зулм карданд. Бибин оқибати муфсидон чӣ гуна буд!

next page